«Дуздест, ки бо чароғ омада!»

андеша

АНДЕША. Имрўзҳо Юнус Бурҳонов аз он сўйи марз (Ҷумҳурии Исломии Эрон) ба  Ватан санг меандозад, тавассути шабакаҳои интернетӣ, хусусан Одноклассники ва Фейсбук ғояҳои ғаразноки хешро бори тафаккури ҷавонон мекунад. Ахиран аз ҷониби чанде «рўшанфикр» «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис ёфтааст, ки яке аз роҳбарони он Сайидюнуси Истаравшанӣ мебошад. Аммо инсонеро, ки миллату ватани хешро дўст намедорад, дар ҳар ҷову ҳамеша нуқсону камбудиҳои ҳаммиллату ҳамватанонашро баён мекунад, ба шабакаҳои иҷтимоӣ мекашад ва бешармона ба ҷаҳониён ба намоиш мегузорад, аз рўйи кадом меъёр «рўшанфикр» гуфтан ҷоиз аст? Аҳмади Шомлу мегўяд, ки «Оне ки ҳадафаш танҳо ва танҳо растагории инсон набошад, дарду дармони тўдаҳоро надонад ва нашносад,  рўшанфикр нест. Дуздест, ки бо чароғ омада»!

Бояд гуфт, ки Истаравшан ба таърихи тамаддун тақрибан 750 суханвар, 11 академик, 8 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, 35 доктори илм, 210 номзади илм ва 24 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро додааст. Ҳар як суханвари ин сарзамин моро ба ростиву накўкорӣ, далериву ватандўстӣ далолат намуда, ҳамзамон одамони бадгуҳару хиёнат- кор ва ватанфурўшро, ки баҳри тамаъ ва молу давлат фирефта ва бозичаи дасти аҷнабиён мешаванд, зери тозиёнаи танқид кашидаанд. Чанд намунаи абёти шуарои Истаравшанро пешкаш менамоем, ки дархўри мавзўъ ва мавқеъгирии Юнус Бурҳонов мебошанд.

Шоир Назмии Истаравшанӣ ба онҳое, ки дар баҳри залолат ғўта хўр- даанду бо ҷаҳл ҷуфт гардидаанд, ишора меку- над, ки чашми ибрат боз намоянд ва  гумроҳу луъ- батаки дасти дигарон нагарданд:

Дар залолат то ба кай якто шавӣ бо ҷаҳл  ҷуфт,

Чашми ибрат боз кун, натвон чунин гумроҳ хуфт.

Иқтибос: «Духтарам ҷавон буд, лекин коре шуда буд, ки маҷбур духтарамро ба никоҳи ў (Юнус Бурҳонов дар назар аст) додам. Аммо дар Эрон робитаи мо қатъ шуда буд. Зеро ў дигар мазҳабашро иваз кардаву дар болои духтарам зани дуюм гирифт.»

Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ

Дигар  шоири номдори Истаравшан  Солик мегўяд, ки дар ҷавонӣ такя ба зўри бозу намудам ва ҳеҷ гоҳ ба дари касе аз муҳтоҷӣ сар нахалондаам. Дар пирӣ низ ҳарчанд зўри бозуро гум кардаву қоматам мисли «дол» хам задааст, боз ҳам ҳалқаи дари бегонаеро нахоҳам зад:

Нагаштӣ дар ҷавонӣ ҳалқазан  бар ҳеҷ дар, Солик,

Қади хамгаштаи худро чӣ созӣ ҳалқаи дарҳо!

Иқтибос: «Юнус Бур- ҳонов ба ҷавонони кишвари мо таъсир расонида наметавонад. Зеро ҳама бо чеҳраи ў ба хубӣ ошноянд. Дар суҳбатҳо ўро маҳкум мекунанд. Ва ба ман мегўянд, ки «Домулло, ў обрўи шуморо резонд». Дар ҳақиқат ў обрўи маро резонд».

Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ

Саидғозихоҷаи Нола мегўяд, ки аз баҳри тамаъ басо бар дару хони бегонагон давидем. Ҳамеша «лаббайк» гуфтему қомати хешро хам нигоҳ доштем. Аммо бо гузашти вақт дарк намудем, ки касон душмани   ҷонии мо   будаанд.

З-ин рў, ҳар гоҳе ки гузашта домангири мо мешавад, ночор дандони надомат мегазему чун магас даст бар сар мезанем:

Бар хони касон баски зи  ибром давидем,

Дасте чу магас мезанам акнун ба сар имрўз.

Иқтибос: «Дар Эрон бо чеҳраи ҳақиқии шиа- мазҳабон ошно шудам. Онҳо саҳобаҳоро баду Оишаро сақат мегуф- танд. Ба Юнус гуфтам, ки набояд  мазҳаби онҳоро қабул кунӣ. Аммо ў ба ман гўш накард. Чанд устоди шиамазҳаб қабул карда буд. Ба ман сахт гуфт, гарчанде устодаш будаму падарарўсаш. Зеро ў ҳисси мансабпарастӣ ва худхоҳиву пулдўстӣ дошт.»

Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ

Шеваҳои дар назар гўё дуруст, аммо  хатарзои ҷаҳони имрўз бо равишҳои мухталиф одамони но- огоҳро ба доми хеш мекашанд. Мебояд  ҳушёру донову фозилу оқил буд, то ҳар гандумнамои ҷавфурўш бо дасисаву иғво рўсияҳу бадномамон насозад. Аз ин рў,  Хоҷа Мўсо, яке аз шоирони Истаравшан гуфтааст:

Дар олами таҷдид маннам қуфлкушое,

Ҳар роҳгум ояд ба назар роҳнамоям!

Иқтибос: «Амалияи имрўза нишон медиҳад, ки гурўҳҳои манфиатҷў дар симои ашхоси алоҳида, маҳз зери шиори манфиат- ҳои миллӣ, демократи- кунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мардумсолорӣ, қонунмеҳварӣ, ки ҳамагӣ барои ин шахсон аз як баҳонае барои расидан ба ҳадафҳои шуми хоҷагони хориҷиашон беш нестанд,  амал намуда, ба раванди давлатдории миллӣ, ки саропо дар асоси хостаҳои миллӣ бунёд ёфтаанд ва ҷаҳон онҳоро эътироф намудааст, халал ворид менамоянд».

“АНҶУМАНИ «ОЗОДАНДЕШОН»-И «ТОҶИК» ё талоши  навбатӣ баҳри ҷалби таваҷҷуҳи хоҷагони хориҷӣ”  Аз сомонаи http:/ hhdtkhatlon. tj

Иқтибос: «Умедворем шумо ин каҷдуми зери бурё (яъне Сайидюнус Бурҳонов)-ро бо сабки афкор ва шеваи рафтораш, ки сутури аз гала монда, аз охури бегона ба серӣ алаф хўрда, аз ҷониби соҳиби охур ба майдони шаба- каҳои интернет ба «ҳарбу зарб» андохтаро ба хубӣ шинохтед».

Аз «Номаи саркушода ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и сокинони Истаравшан

Таъкид кардан ҷоиз аст, ки Сайидюнус то қуввату нерў ва ҳофизаи хешро идора карда метавонад, ба хоҷа- гонаш даркор аст. Чун дигар хаста мешаваду тавоноиаш намемонад, дупула қадре, ки дорад, аз даст медиҳад. Баъдан пушаймонӣ суд надорад. Аз ин лиҳоз, ба хулоса омадан мумкин аст, ки Сайидюнус Бурҳонов  на рўшанфикр, балки гумроҳ ва «Дуздест, ки бо чароғ омада!»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>