Об манбаи ҳаёт ва осоиши зиндагӣ

АШТ. Рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии КДФ Обу канализатсия бо иштироки васеи кормандон ва аъзоёни ҲХДТ Соати сиёсӣ дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт ва осоиши зиндагӣ» баргузор гардид. Дарси сиёсиро раиси ташкилоти ибтидоии КДФ обу канализатсия Амонов Садриддин оғоз намуда, дар бораи аҳамияти об ва Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо – даҳсолаи байналмилаллии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки расман оғоз гардид, маълумот дод. Зимни баромади хеш мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ қайд намуд, ки барои расиданба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод намудааст. Ҳадаф аз пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили «Соли оби тоза», даҳсолаи байналмиллалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2018) ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи торафт мушкил шудани дастрасии оби тоза, беҳдоштизиндагӣ, қадр кардан ва сарфакорона истифода бурдани об, тоза нигоҳ доштани сифату тозагии он ва дар ин замина бо низом рушд додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷаҳон мебошад. Назоратчии кор бо ташкилотҳои буҷавии корхона Қаюмова Д. дар баромади пурмӯҳтавои худ қайд намуд, ки об ҳаёт аст, бе об саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию комуналӣ ва дигарҳо вуҷуд ва рушд ёфта наметавонад. Дар натиҷаи арзёбиҳои байналмиллалӣ Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Инчунин қайд намуд, ки афзоиши босуръати аҳолии ҷаҳон талабот ба обро дар соҳаҳои кишоварзию саноат ва рӯзгори одамон хеле зиёд мекунад. Аз қадимулайём мардуми башар обро чун манбаи ҳаёт ва мӯъҷизаи бузурги табиат, асоси зиндагии мавҷудоти олам мешуморад. Мо бояд ҳамеша ин нуқтаро ба ёд гирем, ки бе об зиндагӣ вуҷуд нахоҳад дошт ва онро чун муқаддасоти табиат ҳифз намоем.Дар аъзоёни фаъоли ҳизби муассиса Камолҷонова М, Пулотов К. ва Очилова М.  оиди ин мавзӯъ баромаднамуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>