То пир нест тадбир нест

АШТ. Мутобиқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт вохӯрии раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроия М.Мадаминова дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таҳти мавзӯи «То пир нест, тадбир нест!» оғоз гардида, баргузории чорабинии мазкур дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ, корхонаву ташкилотҳо ва маҳалҳои зист дар назар аст. Дирӯз бо чунин мазмун дар ташкилоти ибтидоии Раёсати омори ноҳия  сӯҳбат бо аъзоёни ҲХДТ ҷараён гирифт. Раиси Шӯрои собиқадорон М. Мадаминова дар доираи мавзӯъҳои «Сӯҳбати пирон ғанимат дон…», «Пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва бармаҳал дар байни ҷавонон», «Пешгирии тамокукашӣ ва зарари он», «Ҷавонон ва ҷомеаи имрӯза» баромади пурмӯҳтаво намуд. Аъзоёни ҳизб Мирзоева Оқила ва Тоштемиров Манучеҳр дар мубодилаи афкор фаъол буданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>