Сифати таълиму тарбияи баланд мегардад

СПИТАМЕН. Оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси бохиради ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки санаи 16 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, имруз, дар утоқи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, бо сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия машварат баргузор гардид. Ҳамкории Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимии ноҳия ва муассисаҳои томактабӣ баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва баргузории чорабиниҳои мухталиф, ки бевосита бо иштироки толибилмон, мутахассисони ҷавон ва омузгорони пуртаҷриба баргузор мегардад, тақвият бахшида шудааст. Соҳаи маориф, чун меҳвари ҷомеаи имруза на танҳо бо рисолати бузург – таълиму тарбияи насли наврас – ояндасозони Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият доранд, инчунин маҳз бо ташаббуси зиёиён сафи ҲХДТ дар ноҳия зиёд гардидааст. Маорифчиён бо хислатҳои наҷиби зиёӣ, аз ҷумла меҳанпарастию худогоҳӣ, хештаншиносию ташаббускорӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҳамеша дар сафи пеш меистанд ва баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ҳиссагузор мебошанд. Дар ноҳияи Спитамен 32 муассисаи таълимӣ, 1 адад Литсей , 1 адад мактаби таҳсилоти ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат ва 10 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият дорад. Муовини мудири шуъбаи маориф Тоҷибоев Дилшод зимни суханронӣ иброз намуд, ки дар соли  равон, 1829 нафар толибилмон муассисаҳои таълимиро хатм менамоянд, ки аз онҳо 984 нафар духтарон ва 745 нафар писарон мебошанд. Айни замон,  965 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази Миллии Тестӣ супоридаанд, ки 53 фоизро ташкил менамоянд ва ҳоло ин марҳила давом дорад. Сарварони муассисаҳои таълимӣ қайд намуданд, ки имрузҳо  завқу шавқи тодибилмон барои касбу ҳунаромӯзӣ ва гирифтани маълумоти олӣ, миёнаи махсус баланд гардидааст. Сарвари МТМУ №3 Олимова Фотима аз толибилмони макотибаш суханронӣ намуда чунин  гуфт, шогирдони муассиса дар олимпиадаҳои фаннӣ, чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ фаъол буда ҳамеша ба дастовардҳои баланду назаррас лоиқ мегарданд. Яке аз хонандаи фаъол Маматқулов  Аҳрор мебошад. Маматқулов Аҳрор, соли 2018 дар олимпиадаи давраи 3 вилоятӣ иштирок намуда соҳиби ҷойи аввал гашт, дар назар аст, ки санаҳои 7-8 аперели соли равон ба олимпиадаи ҷумҳуриявии даври 4 иштирок мекунад. Ин ифтихори ҳамаи омузгорони мактаб ва маорифи вилояту ноҳия мебошад. Маъмурияти муассисаи таълимии №3 умед дорад, ки Маматқулов Аҳрор аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо медали тилло ва номи баланд бармегардад. Сарвари МТМУ №22  Рустамов Ҷаҳонгир, МТМУ №5 Д.Раҳимова, МТМУ №2 Ахмедова М оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таъмин намудани муассисаҳо бо таҷҳизотҳори замонавӣ ва муосир, бархурдор намудани омузгорону мутахассисони ҷавон бо усулҳои навтарини таълим фикру мулоҳизаҳои худро гуфта гузаштанд. Раиси Кумитаи иҷроия О.Насруллоев дар баромади худ қайд намуд, ки фаро гирифтани насли наврасу ҷавонон дар чорабиниҳои ҳизбӣ, сиёсӣ, варзишӣ, фарҳангӣ қишри пешбарандаи ҷомеаро ба худшиносиву хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. Ва Кумитаи иҷроия ҳамеша ба соҳаи маориф такя менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>