Сӯҳбат бо ҷавонон

ашт суҳбат бо ҷавонон

АШТ. Рӯзи гузашта тибқи  нақшаи кории шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар маҳаллаи Маҳмудҷон  Воҳидови ҷамоати шаҳраки Шайдон корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи мулоқоту сӯҳбат бо ҷавонони синни даъватӣ бобати бедор намудани  ҳисси  ватандӯстӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии онҳо бо усули кӯча ба кӯча доир карда шуд. Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. ҳангоми мулоқот бо ҷавонон оид ба даъвати баҳории шаҳрвандони соли таваллудашон 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ сухан кард ва қайд кард, ки ҳар як ҷавонмарди синни даъватӣ новобаста аз гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ӯҳдадор аст.  Инчунин зикр карда шуд, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори давлатдорӣ мебошад. Ҳамчунин оид ба шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ маълумот дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>