Гусели ҷавонон ба хизмати Ватан

ҶАББОР РАСУЛОВ. Санаи 4 апрели соли 2018 дар назди Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар навбати аввал 80 нафар ҷавонписарон ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуданд. Дар маросими гусели даъватшавандагон раиси ноҳия Салимзода Комил, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот, падару модарон, аъзоёни ТҶҶ ҲХДТ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Раиси ноҳия Салимзода Комил дар баромади худ оиди таърихи ташкилёбии Артиши Миллӣ ва ташаккулёбии ҷузъу томҳои он, шароити хизмати ҳарбӣ, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан- Модар суханронӣ намуда, ба ҷавонони ноҳия поквиҷдонона ва сарбаландона адо намудани хизмати Ватанро таманно намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам аз ҳолу аҳволи ҷавонони ноҳия, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намуда истодаанд, хабар мегирад. Санаи 14 марти соли ҷорӣ зиёда аз 80 нафар аскарону афсарон аз ноҳия, ки дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе хизмат намуда истодаанд, аёдат карда шуданд. Ин иқдомҳои неку наҷиб бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола идома ёфта истодаанд. Аёдати сарбозон тибқи нақша моҳи май низ баргузор карда мешавад.  Тошматова Гулсара аз номи волидони даъватшавандагон ба фарзандони худ, ки ба хизмати Ватан — Модар мераванд роҳи сафед ва хизмати сарбаландонаро орзу намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>