Гусели наваскарон

АЙНӢ. Санаи 4- апрели  соли равон дар назди муҷассамаи  Модар   бо иштироки  раисони ҷамоатҳо, кормандони комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбари  КИ ҲХДТ дар ноҳия, падару модарон ва пайвандон гусели наваскарон барпо гардид. Нахуст, комиссари ҳарбӣ майор А. Абдуллоев оиди омодагии 55 нафар наваскароне, ки ба хизмати ҳарбӣ омадаанд ҳисобот дод. Сипас раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода суханронӣ намуда ба ҳамаи наваскарон ва волидайнашон миннатдорӣ баён намуда даъват намуд, ки хизматро сарбаландона адо намуда, ба назди волидон баргарданд. Падари наваскар Қурбонов  Назар аз деҳаи  Шамтучи  ҷамоати деҳоти Шамтуч  баромада аз ободии Ватан, ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҳамагонро бовар кунонданд, ки ҷавонони баору номус ба ҳимояи Ватан рафтаистода вазифаи шаҳрвандии худро иҷро намуда минбаъд низ баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд. Дар идомаи суханронӣ ТҶҶ “Созандагони Ватан”и КИ ҲХДТ дар ноҳия оиди рафти хизмат ва Ватандӯстиву ватанпарварӣ бо наваскарон сӯҳбати самимӣ доир намуд. Даъватшаванда  Ҳамроев  Ҳамро -  чунин зикр намуд: Хизмат ба Ватан барои ман шараф аст.  Ватан-Модар ҳаммаъноянд, ҳимояи Ватанд, ҳимояи модар аст. Талош менамоям, ки бо сари баланд рафта хизмати Ватанро ба сомон расонам ва ба назди волидайн бо сари баланд баргардам.  Инчунин   қайд намуд, ки баъд аз адои донишгоҳ бо хости худ ба хизмати Ватан-Модар рафта бо сари баланд баргашта ба дилхоҳ корхонаи давлатӣ даромада аз рӯи ихтисосам кору фаъолият менамоям.  Ҳамаи наваскароне, ки дар бари ман истодаанд бо ихтиёри худ омадаанд.  Дар охир барои наваскарон, падару модарон ва иштирокдорон ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби  консертӣ намоиш доданд. Пеш аз гусел барои наваскарон ва пайвандонашон зиёфати расми  ташкил карда шуд. Гусели наваскарон хело хотирмон ва дар фазои якдиливу Ватандӯстӣ  анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>