Ҷавонон баҳри ҳимояи Ватан раҳсипор мегарданд

ПАНЧАКЕНТ

ПАНҶАКЕНТ.  Бо мақсади иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1991- 2000-уми Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ «аз 12 марти соли 2018, № 1036» дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонии  шаҳр бо иштироки васеи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ҷавонони  синни даъватии шаҳру деҳот, падару модарон ҷамъомади тантанавӣ   баргузор гардид. Дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки идона ороста буд гурўҳи калони ҷавонони ихтиёри   ҷамъ омада буданд. Ҷамъомади тантанавиро муовини Раиси шаҳри Панҷакент Азимӣ Зайнура кушода, таъкид намуд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  он мактаби ҷасорату мардонагӣ, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгарӣ мебошад. Баъдан Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ҷавононро  шодбош гуфта, роҳи сафед орзу намуд. Инчунин, дар ҷамъомади мазкур волидайни сарбозон ва наваскарон ба сухан баромада, қайд намуданд, ки онҳо ба руҳияи садоқат ба Ватан боа мри дил ба инҷо омадаанд. Онҳо ба Ватан, Президент ва халқи худ содиқона хизмат хоҳанд кард. Баҳри наваскарон дастархони идона ва консерт ташкил карда шуда онҳо бо руҳияи хушу идона гусел карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>