Мо баҳри ҳимояи Ватан омодаем

Деваштич Сафарбаркуни5

ДЕВАШТИЧ. Чун анъана, баҳри иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Дар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуда роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони Ҷамоатҳо, гурӯҳи сарбозони қисмҳои низомии дар ноҳия буда, хонандагони мактабҳо, падару модарон  ширкат варзиданд. Имрӯз барои адои қарзи фарзандӣ 80 нафар ихтиёриён аз ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба хизмати Модар-Ватан омода шуда, сафи ихтиёриёнро пурра намуданд. Қайд бояд намуд, ки  сафи ин гуна ҷавонони ватандўст мувофиқи ноҳия сол ба сол зиёд гардида истодааст. Дар рӯзи авали гусел натиҷаи фаъолияти якҷояи масъулини соҳа, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони деҳаҳои ноҳия назаррас буда, Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан, Росровут ва Ғазантарак нақшаро иҷро намуданд. Инчунин Ҷамоатҳои Ғончӣ, Муҷун, Исмоили Сомонӣ низ ҷавонони ихтиёрии баору номус ва шуҷою далер азми хизмати Ватан карданд. Маросими гусел бо гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассамаи Сарбози Ватан оғоз гардида ва бо суханронии Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ифтитоҳ шуд. Дар баромади хеш Рустам Ҷўразода қайд намуд, ки Ҳукумат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода менамоянд. Инчунин Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ба ҷавонони баору номус сипосгузорӣ карда, барои наваскарон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида, аз фаъолияти масъулин изҳори қаноатмандӣ намуд.  Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Д. Эргашев, Шавкат Рустамов сарбози дар хизмати ҳарбӣ буда, ки содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намуда дар арафаи ба эҳтиёт рухсати додан қарор дорад, даъватшаванда Хуррам Умаров дар баромадҳои хеш хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард ҳисобиданд. Аз номи волидони даъватшавандагон Зарафҷон Умаров баромад намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён карданд. Ин иқдом мо волидонро водор месозад, ки  барои тарбияи фарзандони ватандӯст меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро равона созем. Ба даъватшавандагон аз ҷониби модарон нони насиба пешниҳод шуд. Ҳамин тариқ 80 нафар ихтиёриёни навбатии аввал бо руҳияи идона ва барномаҳои фарҳангӣ гусел карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>