«Барои хизмати Модар-Ватан, роҳи сафед, ҷавонписарони бошараф!»

СПИТАМЕН. Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 12.03.2018, №1036, « Дар бораи бо эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд» ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалудаш 1991 – 2000 ба хизмати ҳарбӣ, санаи 05.04.2018 дар хиёбони Спитамени ноҳияи Спитамен, бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Акрам Раҳим Сулаймонзода, полковники комисириати ҳарбии ноҳия Абдуллозода Расулҷон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз-собиқадорони ҳизбу меҳнат, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо, аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайни наваскарон, дӯстон ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ чорабинии бошукӯҳи гусел ба хизмати Модар-Ватан, баргузор гардид. Чорабиниро раиси ноҳия муҳтарам  Сулаймонзода Акрам Раҳим  ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуданд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони ватанпарвар шарафи бузургу гузаштан аз мактаби ҷасорату мардонагӣ аст. Танҳо ҷавонони худшиносу худогоҳ ва ватандӯст метавонанд ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат бубанданд ва шумо ихтиёриён, ки  имрӯз дар ин ҷо саф кашидаву ба хизмати ҳарбӣ омодаед аз зумраи ҳамон ҷавонони боору нангу номус ҳастед. Ба шумо роҳи сафед хонда орзумандам, ки сарбози шуҷоъу далери Ватан бошед. Сипас, собиқадори меҳнат-иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Абдусаттор Абдусамадов ба сухан баромада гуфта гузашт, ки мо  бояд меҳру муҳҳабат ва тамоми ҳастии худро ба ҳимояи Ватани маҳбубамон равона созем. Хизмати Ватанро шарафу номуси ҷавонмардӣ дониста, дигар ҷавонмардонро низ ба хизмат даъват намуд. Роҷеъ,  модари нуронӣ аз ҷамоати шаҳраки Навкат Башорат Юнусова   ба сухан баромада, бо ифтихор иброз дошт:  ман фахр мекунам, ки сол аз сол сафи наваскарон дар ноҳияамон зиёд шуда истодааст ва онҳо бо сарбаландӣ адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, ки аз ин амали онҳо сарам ба осмон мерасад. Дуову фотеҳаи неки мо модарон ҳамеша бо шумост писарони азизам, гуфта даст ба дуо бардошт.   Чун урфу одат маросими нонгазон лаҳзаи аз ҳама эҳсосии чорабинӣ буд. Ҷавонписарон аз дастони модари худ аз кулча як луқма нон мегазанд ва модар бо умеди дидори саломати фарзанд он кулчаро то аз хизмати аскарӣ баргаштан дар хона нигоҳ медорад.  Қисми фарҳангии чорабинӣ бо шеърхонии кӯдакони кӯдакистони №17 таҳти унвони «Ман ҳам аскар мешавам!» оғоз ёфт. Намоиши қадамзании ҳарбии хамткунандагони муассисаҳои таълимӣ ва шеърхонии онҳо дар васфи Ватан басо диққатҷалбкунанда ва таъсировар буд.  Дар охир сарояндагонӣ Қасри фарҳанг ва театри ба номи Ш.Бурҳони ноҳия бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро шод намуданд. Чорабини хеле хотирмон гузашт.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>