Саҳми ҳизбиён дар маъракаи даъвати баҳорона

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12 марти соли 2018 таҳти №1036 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз санаи 1.04.2018 маъракаи даъвати баҳорона оғоз гардид. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати баҳорона дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монда барои ҳарчи зуддат иҷро намудани нақшаи даъвати баҳорона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки аъзоёни гурӯҳҳои таблиғоти аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳия Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо кормандони комиссарияти ҳарбӣ, кормандони дастгоҳи ҷамоатҳо ва шахсони масъул барои дастрасии даъватномаҳо ба даъватшавандагон чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>