Рӯзи мудофиаи гражданӣ

ГУЛИСТОН. Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи амалии хонандагон дар соҳаи мудофиаи граҷданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва хушсифат гузаронидани “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” санаи 05.04.2018 дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14, “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ ва ягона бо иштироки ҷавонон “Созандагони Ватан”, омӯзгорон ташкил ва баргузор гардид. Дар он намояндагон аз МИҲД, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Бобозода М.Ҳ, муовини аввали сардори бахши Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Амонов Ҳ.С, муовини сардори қисми оташнишонӣ майори хизмати дохила Исмоили Атҳам, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҳизб Раҷабова Г.М,  бахши фарҳанг, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. “Рӯзи мудофиаи граҷданӣ”-и намунавӣ ва ягона бо кушодашавии тантанавӣ оғоз ёфта, сипас дар синфҳои 2-6 дарси кушоди намунавӣ, викторинаҳо гузаронида шуданд. Амалҳои эълони бонги хатар, корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, расонидани ёрии аввалини тиббӣ, хомӯш кардани сӯхтор, муҳофизат намудани гирду атрофи бино  бо пуррагӣ иҷро карда шуданд. Инчунин хадамотҳои МГ-и шаҳр амалҳои худро алоҳида нишон доданд.    “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ ва ягона дар майдончаи варзишии муассиса ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни фаъол, ғолибони озмуну викторина бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфарозонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>