Аксияи « Хизмат ба Ватан шараф аст» баргузор шуд

панчакент

ПАНҶАКЕНТ.  Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар шаҳри Панҷакент ва  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  бо мақсади тарбияи ҳарбӣ ванпарастии ҷавонону наврасон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Хизмат ба Ватан шараф аст»  доир гардид. Як гурӯҳ аъзоёни намояндагии  ТҶҶ  “Созандагони Ватан” бо парчаму шиорҳои давлативу ҳизбӣ ба Комиссарияти ҳарбии шаҳр ворид  шуда, бо як гурўҳ даъватшудагон, ки ихтиёран  ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шудаанд,  вохурӣ  гузарониданд. Зимни вохӯрӣ кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар назди даъватшудагон баромад намуда қайд карданд, ки Ватани худро соҳибӣ намуда ба хотири ободиву оромии кишвар қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сазовор иҷро намоянд. Намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан» дар ин чорабинӣ ба ҳамаи даъватшудагон ва ҷавонон маводҳои таблиғотии ҳизбиро   дастрас намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>