Маҳфили «Меҳвари муҳаббат»

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда,дар доираи ин иқдом якчанд нақшаҳоро таҳия ва амалӣ намуда истодааст. Тибқи нақша — чорабинии кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  маҳфили навбатии «Меҳвари муҳаббат» бо иштироки зани ҳунарманд Бердиева Орзугул баргузор гардид. Маҳфилро муовини озоди КИИ ҲХДТ дар минтақаи Овчиқалъача Қаландарова М. ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро муаррифӣ  намуд. Баррандаи маҳфил бо ҳаёт ва фаъолияти Бердиева Орзугул иштирокчиёни маҳфилро шинос намуд ва бо садрнишини маҳфил сӯҳбати судманд баргузор намуд. Дар ҳақиқат, маҳсули дастони ин зани ҳунарманд писанди иштирокчиён гардида, дар дили занону духтарон боз ҳам шавқи ҳунаромӯзиро бедор намуд. Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва  кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М. зимни баромад қайд намуд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 агар аз як ҷиҳат ба раванди тадриҷан беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан, ҳунармандони мардумӣ таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандорӣ, инчунин, эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад. Дар охир барномаи консертии ҳунармандон маҳфилро ҳусни интиҳо бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>