Шанбегӣ дар оромгоҳи насрониён

КОНИБОДОМ. Санаи 7 апрели соли 2018 дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати-и шаҳри Конибодом шанбегӣ дар оромгоҳи насрониён гузаронида шуд. Дар оромгоҳи християни амали нек ба иҷро расонида шуд, он бо иқдоми неки вакили маҷлиси шаҳри аз ҲХДТ, муовини раиси шаҳр Ҳомиди И ва бо дастгирии шаҳрдор Боҳири Ғ.Н ба роҳ монда шуд ва ба ҳашари умумӣ табдил ёфт. Сокинони маҳаллаҳо, фаъолони ҲХДТ, роҳбарони ташкилот ва муассисаҳои  хурду бузург дар ин мавзеъ ҷамъ омада, дар оромгоҳ як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд.  Аз ҷумла, сафедкуниву рангубори қабрҳо, баровардани партовҳо, батартибдарорӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.  Ҳамзамон иштирокдорони ин иқдом иброз доштанд, ин амал басо саривақтиву хайр маҳсуб ёфта, дар ниҳоди насли ҷавон ҳисси некбинӣ, эҳтиром ва дӯстию рафоқатро нисбати халқи рус бедор мекунад. Шанбегӣ то дер давом ёфта, ба гиромидошти миллати дӯсту бародари рус нигаронида шуд. Ин шанбегии бори аввалин набуд ва ҳар сол як маротиба шанбеги гузаронида мешавад.  Қайд кардан бамаврид аст, ки бори мардуми русзабон, хусусан, онҳое, ки солҳои зиёд дар шаҳри Конибодом кору зиндагӣ доштанд ва дар пешрафти хоҷагии халқи шаҳр саҳми босазо гузоштаанд амали нек гардид.   Хоса, қаҳрамониҳои ҷавонмардони рус дар майдони корзори ҶБВ ва ҳам ақибгоҳ басо назаррас аст. Бинобар он арҷгузорӣ ба кору пайкор, хизматҳои шоён ва ба некӣ ёдовари намудан аз халқи рус амали хайр ва амри воҷиб ба шумор меравад. Корҳои ободонӣ дар ин самт давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>