Мулоқот бо ҷавонон

АШТ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар Литсейи касбӣ-техникии №26 воқеъ ҷамоати деҳоти Ориён мулоқот бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон баргузор гардид.  Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Рузиматов Д.  ва раиси Шӯрои собиқадорони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мадаминова М. иштирок ва суханронӣ намуданд.  Мудири  шубаи кор бо ҷавонон бобати дӯст ва гиромӣ доштани Тоҷикистони азиз, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, саҳми ҷавонон дар пешрафту шукуфоии диёр ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписари бонангу ор суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки  мо ҷавонон вазифадорем  Ватани худро дӯст дорем, баҳри ободии он камар бандем ва ва ба қадри ҳар як неъмати он бирасем.  Ва аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, Шумо муҳофизати фардои Ватанед, ҳимояи Ватанро қарзи шаҳрвандии хеш донед. Хизмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст. Аз ин лиҳоз, Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Дар интиҳо сарвари муассисаи мазкур Темиров Рафторҷон дар назди ҳозирин баромад намуда, бобати ин мавзӯъ ибрози ақида намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>