Забон донӣ – ҷаҳон донӣ!

спитаме забон

СПИТАМЕН. Тибқи нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, дар толори муассисаи таълимии Литсей№1  озмун таҳти унвони «Донандаи беҳтарини забони русӣ ва хориҷӣ» байни толибилмони  Литсей№1- Т.Нурзода, МТМУ№2 – Эргашева А, МТМУ№3- Ҳазратқулов Р, МТМУ№7- Усмонова А, Ҳайдарова Р, МТМУ№14- Радҷабов А, Ёқубова С, МТМУ№23- Умарова Э, Ҷӯраева О ва МТМУ№28 – Б.Азимова  баргузор гардид. Чорабинии мазкурро намояндаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» Бекмуродова Матлюба  ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо иштирокчиён ва ҳайати ҳакамон шинос намуд. Дар ҳайси ҳакамон намоянда аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси ноҳия Г.Раҳимова, мушовири шӯъбаи маориф М.Турсунова, мутаххасиси пешбари маркази дарёфт ва рушди истеъдоди шӯъбаи маориф Р.Тоҳирова сармутахассиси самти ҷавонон ва иттилооти Кумитаи иҷроия Д.Абдуқаюмова ширкат варзиданд.  Дар толор зиёда аз 80 нафар мухлисон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.  Чорабинӣ аз чор шарт: шиносоӣ, ифоданок қироат намудани шеър, бозии интелектуалӣ ва сароидани суруди дӯстошта бо забони русӣ ва бо забони хориҷӣ иборат буд. Ровиёни чорабинӣ низ бо забонҳои русию англисӣ ровигӣ намуданд. Иҷроиши шартҳо аз иштирокчиён истеъдоду малака ва маҳоратро талаб намуд, ки дар охир Ҳайдарова Р., аз забони англисӣ ва Усмонова А ва Умарова Э., аз забони русӣ беҳтарин ҳисобида шуданд. Дар фарҷом ба ҳар як иштирокчӣ ва ғолибон Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Аз ҳама шавқовараш дар он буд, ки дар байни иҷроиши шартҳо бо мухлисон низ барои ҳозирҷавобӣ бозӣ ташкил карда шуд. Ва ҳамон замон барои  «доногӣ» бо туҳфаҳо ҳавасманд карда шуданд. Чорабинӣ бисёр ҳам боломазмун, шавқовар ва диққатҷалбкунанда гузашт, ки  эътибори хонандагон  барои омузиши забонҳои русию англисӣ боз ҳам баланд гашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>