Барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар Далён

Деваштич_мулокоти БСК_Далён2

ДЕВАШТИЧ. Ҷиҳати тарғибу дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1036 аз «12».03.2018 сол «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва иҷрои нақша-чорабиниҳои пешбининамудаи Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаи Далёни Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич силсилаи мулоқотҳо бо наврасону ҷавонони синни даъват баргузор гардид. Мулоқотҳо дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№9, 49 ва Гимназияи №2 бо ҷалби аъзо ва роҳбарияти намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич, ТҶ «Барқароркунандагони сохти конститутсионӣ» ва ТҶҶ «Насли бунёдкор» гузаронида шуданд. Дар мулоқот доир ба хизматҳои шоистаи фарзандони деҳаи Далён ва он нафароне, ки муассисаҳои таълимии зикршударо хатм карда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ, таъмини осоиштагиву амнияти кишвар, суботи оилавию рушди иқтисодӣ саҳмгузорию ҷоннисориҳо кардаанд ҳарф зада шуд. Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов аз шароитҳои беҳтарини имрӯзае, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас муҳайё сохтаанд мисолҳо оварда, онҳоро даъват намуд, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо бояд ҳамрадифи бародарону падарон ва насли бузурги хеш бошанд ва дар роҳи ободию осоиштагӣ пешсаф гарданд. Роҳбари ТҶ «Барқароркунандагони сохти конститутсионӣ» дар ноҳияи Деваштич Ҳайит Туробов доир ба ёддоштҳои худ аз овони ҷавонӣ ва ҳамсабақӣ бо генерал-майор Охунзода Ихтиёр, ки ҳоло дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз вазифаҳои пурмасъул адои вазифа мекунад сухан ронда, аз иштирокчиёни мулоқот ҳамчун намунаи ибрат ва пайрави чунин фарзанди баобрӯи диёр буданро хоҳиш намуд. Дар хотимаи мулоқот аксарияти ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсту хештаншиноси деҳаи Далён ва хатмкунандагону муҳассилини муассисаҳои таълимии №№9, 49 ва Гимназияи №2 ба меҳмонон ва омӯзгорону ҳамдиёрони худ ваъда доданд, ки пас аз хатми муассисаҳои таълимии миёна ва ё олӣ ба хизмати Ватан – Модар рафта, номбардори оилаву аҷдодони худ, сарбаландиву ифтихори падарони бузургвори хеш, ҳимоятгари асили хоҳарону модарони худ, идомадиҳандаи қаҳрамониҳои фарзандони шоистаи деҳаи Далён ва ноҳияи Деваштич мегарданд. Меҳмонону ташрифовардагонро ҳамзамон ваъдаи духтаракон низ ба ҳайрат овард, ки онҳо дар баробари ҳамсабақону ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ рафтан ва ё касби ҳарбӣ омӯхтанро ваъда доданд. Дар қисмати ҷамъбасти расмии мулоқотҳо ба ду нафар зодаву фарзанди ифтихории деҳаи Далён – Мирраҳимов Икромҷон ва Додобоев Маҷид аз ҷониби ТҶ «Барқароркунандагони сохти конститутсионӣ» медалҳои сарисинагӣ барои қаҳрамонию шуҷоат ва саҳми арзандаашон дар пойдории давлати азизу тозаистиқлоли Тоҷикистон супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>