Таъсиси ташкилоти ибтидоии нав дар Коллеҷи тиббӣ

ГУЛИСТОН. Тибқи нақшаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, мувофиқи банди 3.2 оинномаи ҲХДТ  боз як ташкилоти ибтидоии нав дар “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” бо 174 нафар аъзоёни ҳизб таъсис дода шуд. Дар маҷлиси ҳизбии “Коллеҷи тиббӣ” Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М.Ғ ва Қосимова К.М. раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб баромад намуда, дар бораи мақсаду мароми ҳизб, барномаи он, ки ҳамчун барномаи амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст ва талаботҳои “Низомнома” ва “Оиннома”-и ҳизб суханронӣ намуданд. Ҷамолиён М.Ғ. пешниҳод намуд, ки  Тошматов Д.Х  раиси ташкилоти ибтидоӣ бо номи «Шафқат» дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” интихоб карда шавад. Тошматов Далил Холиқович раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ  интихоб гардид. Аз номи 4 нафар омӯзгорон ва 2 нафар донишҷӯёни лаёқатманд ба Кумитаи Иҷроияи шаҳрӣ ариза дар бораи қабул шудан ба сафи ҲХДТ ворид гардида, Кумитаи Иҷроия аризаро қонеъ гардонд ва бо камоли эҳтиром дар вазъи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Пас аз супоридани шаҳодатномаҳо даъват ба амал оварда шуд, ки сафи ҳизбиён дар коллеҷи тиббӣ боз ҳам афзун ёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>