Намоиши ҳунарҳои мардумӣ

ҷр

ҶАББОР РАСУЛОВ.  Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» омили хубе барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ гардида, дар эҳё, ташаккул, рушд ва истифодаи самараноки ҳунарҳои мардумӣ саҳми босазо хоҳад гузошт. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Мактаб-кӯдакистони №1-и ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур маҳсулоти навъҳои гуногуни косибӣ ба мисли гулдӯзӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ,  ресандагӣ ва рассомӣ  ба намоиш гузошта шуданд.   Сарвари Мактаб-кӯдакистон Расулзода Шаҳноза иброз дошт, ки ин чорабинӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси зебоипарастӣ, ҳунарҳои мардумӣ дар баӣни занону духтарон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумии гулдӯзӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ,  ресандагӣ, пазандагӣ ва дигар ҳунархо баргузор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>