Мулоқот дар китобхона

АШТ. Рӯзи гузашта вохӯрӣ бо кормандони Китобхонаи марказии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни занону духтарон ва инчунин пешгирии никоҳи хешутаборӣ дар байни ҷавонон баргузор гардид. Зимни баромад мудири шубаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳоҷиматова Ш. иброз намуд, ки ҳар санади  меъёрию ҳуқуқие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва иқдоми неки Пешвои миллат қабул гардидааст, ба нафъи мардум буда, барои устувор гардидани пояи ҷомеаи демакратию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои мустаҳкам мегузорад. Инчунин  кормандони Китобхонаи марказии ноҳия баромад намуда, андешаҳои худро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>