Гусели наваскарон

ашт гусел

АШТ. Рӯзи гузашта маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидови ноҳия баргузор гардид, ки дар ин маъракаи сиёсӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаву ташкилотҳо, комиссариати ҳарбии ноҳия, командирони қисҳои ҳарбии воқеъ дар ноҳия ва ҳизбиён ширкат варзиданд.  Чорабиниро раиси ноҳия Мирдадо З.М. ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ аз ҷумла иброз намуд, ки муҳофизат кардани ҳар як пораи хоки Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар яки моён маҳсуб меёбад. Хизмат ба Ватан мактаби ҷавонмардӣ буда, ҳар як ҷавонписар аз он шуҷоату мардонагиро меомӯзад, муқаддастарин арзиши ҳаёт дӯст доштан ва содиқона ҳифз намудани  хоки поки Ватани азизро ёд мегирад. Ва сипас ба 100 нафар ҷавонони бонангу номуси ноҳия, ки ба хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буданд, саломатӣ, ҳушёриву зиракии ҳарбӣ, шуҷоатмандӣ пирӯзиву бурдборӣ орзу намуда, иброз дошт, ки онҳо қарзи муқаддаси худро дар назди халқу диёр, Ватан-Модар сарбаландона иҷро менамоянд ва боиси ифтихори волидон ва тамоми сокинони ноҳия мегарданд. Ҷанговари байналмиллал Саодатдинов С., сардори қаторӣ 14356«Б» Юсупов Б. ва наваскар Очилов Ш. ба сухан баромада, хизмат ба ватанро мактаби мардонагӣ номиданд.  Дар интиҳо аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ба ҳозирин барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>