Гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ

исфара

ИСФАРА. Маъракаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар шаҳри Исфара муташаккилона оғоз ёфт. Аз 120 нафар даъватшавандагони аз комиссияи тиббигузашта 45 нафар ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан кардаанд, ботантана баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Артиши миллии мамлакат фиристода шуданд. Ба ин муносибат дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр ҷамъомади бошукуҳе баргузор гардид, ки барои ширкатдоронаш, хоса барои даъватшавандагон хушоянду хотирмон буд. Тавре иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни суханронӣ ва муборакбодии худ изҳор дошт, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат натанҳо уҳдадории шаҳрвандӣ, балки ҳамчунон қарзи фарзандӣ, қарзи виҷдониву имонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи боифтихори ҳар як ҷавонмарди асили диёр маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин собиқадори меҳнат Ҷамолиддин Нуриддинов ва модари даъватшаванда аз деҳаи Хонобод Муҳаббат Набиева, сарбози батозагӣ хизмати аскариро баитмомрасонида Фаридун Азизов аз деҳаи Чилгазӣ, даъватшаванда аз деҳаи Хонобод Бурҳонхўҷа Баротов суханронӣ намуда, ҳимояи Ватанро қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмард, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ арзёбӣ намуданд. Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ва маҳфилороии онҳо шукуҳбахши ин ҷамъомади бонуфуз буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>