Озмуни «Кадбонуи беҳтарин»

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои КИН ҲХДТ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола Анварӣ, мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо ва раиси ТИ ҲХДТ «Сино» Раҳимова Зебонисо, дар тӯйхонаи «Висол»-и деҳаи Ғулакандоз озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шаш нафар занону духтарон аз рӯйи шартҳои: Аллахонӣ, намоиши либосҳои миллӣ, саҳнача, омода намудани хӯришҳо, хӯрокҳои миллӣ ва буридани угро ҳунари хешро намоиш доданд.  Дар ҷамъбасти озмун ҳакамон ҷайи аввалро ба Маҳбуба Абдуқодирова аз Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз, ҷойи дуввумро ба Нозанин Мамадмуродова аз Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва Шаҳноза Полвонова аз Ҷамоати деҳоти Сомониён, ҷойи сеюмро ба Нозанин Абдуллоева аз Ҷамоати деҳоти Гулхона сазовор донистанд. Ғолибон ва ҷоизадорон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>