Мусобиқаи оид ба гӯтини юнони — румӣ

ИСТАРАВШАН. Бо ташаббуси намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Истаравшан ва мактаби варзишии №2 ба номи Абдухолиқ Қодиров санаҳои 7-8 апрели соли 2018 дар толори варзишии “Таги Чинор” бо мақсади тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим ва гӯштини юнони – румӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни наврасон, баланд бардоштани маҳорати касбӣ мусобиқаи кушоди шаҳри оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони соли таваллудашон 2000-2010 баргузор гардид. Мусобиқа тайи 2 — рӯз хеле шавқовар гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқа Аюбов Ихтиёр дар вазни  39 кг, Ҷӯраев Раҳим дар вазни 41 кг, Абӯбакри Искандар дар вазни 45 кг, Ваҳобов Хушрӯз дар вазни 48 кг, Сангинов Санҷар дар вазни 51 кг, Баротов Аваз дар вазни 55 кг, Султонов Нодир дар вазни 60 кг ва Саидов Абдулло дар вазни 65 кг гаштанд. Ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд. Барои гузаронидани ин муосбиқа мураббиён Ишонхонов Ғайбуллохон, Ҷалолов Хусрав ва устоди варзиш Ҳамдамов Фахриддин саҳми арзанда гузоштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>