Мулоқот доир ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ЗАФАРОБОД. Дар толори коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод вохӯри ва мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз Худоёрович бо омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи мазкур баргузор гардид. Дар имрӯза мулоқот ҷонишини директории Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод  Мусоева Муқаддас иштирок намуд.  Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз дар баромади худ қайд намуд, ки Соли 2018 дар кишвари азизамон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гаштааст ва гумон мекунам, ки чунин иқдом воқеан саривақтӣ ва ба манфиати халқамон аст. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим мардони соҳибҳунарро ситоиш ва маҳсули дастонашонро барои пеш бурдани зиндагӣ истифода мебурданд. Доштани чанд ҳунар барои инсон боиси ифтихор буд ва мақоли халқи мегуяд: «Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст». Инчунин дар баромади худ доир ба манфиатҳои рушди сайёҳи ба буҷети давлати инчунин соҳиби шуғл гардидани занону духтарони хонашин, меъёрҳои ҳавасмандгардонии ҳукумату давлат оиди аз андоз ва боҷии гумруки озод намудани ҳунармандон маълумоти муфассал дода гузашт. Бояд таъкид намоем, ки ҳангоми гузаронидани мулоқоти мазкур намоиши ҳунари донишҷӯён низ ба роҳ монда шуда иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз аз онҳо дидан кард. Пас аз баромад мулоқоти озод миёни донишҷӯён ва меҳмонон баргузор гардид.  Дар фарҷоми мулоқот ба якчанд донишҷӯёни фаъоли коллеҷи омӯзгории ноҳия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>