АКСИЯ: «Об барои рушди устувор»

АШТ.  Рӯзи гузашта  мутобиқи нақшаи чорабиниҳои муштараки  шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  дар кӯчаи Салоҳиддин Ниёзови ҷамоати шаҳраки Шайдон оиди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  бо наврасону ҷавонони ин маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. ҳангоми мулоқот бо ҷавонон оиди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сухан кард ва қайд кард, ки санаи 22 марти соли 2018 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол  рӯзи фаромӯшнопазир мебошад ва он дар китоби таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз  дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Мутаҳидаи Америка, дар Рӯзи ҷаҳонии об чорабинии махсуси сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд.  Ва баён дошт, ки даҳсолаи мазкур бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории 177 мамлакати узви СММ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия ва наврасон чорабинии мазкур бо усули куча ба куча ва хона ба хона низ ба амал оварда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>