Пир нест — тадбир нест

20180406_142403

АШТ. Маҳфили Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб таҳти унвони «То пир нест, тадбир нест!» рӯз то рӯз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро фаро гирифта, мавзӯъҳои мухталифи ҷомеаи имрӯза мавриди баҳс ва таҳлилу хулосабарорӣ қарор мегиранд. Маҳфили навбатӣ бо иштироки собиқадорон ва фаъолон, аз ҷумла занону духтарони деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти Пунук доир гардид. Мақсади баргузории маҳфилро раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб   Мадаминова М. ба ҳозирин фаҳмонида, сипас оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бо истифода аз собиқадорону пирони рӯзгордида пурзур намудани корбарӣ байни занон ва духтарони деҳа, пешгирии ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, коҳиши маърифати оиладорӣ  сухан кард.  Сипас мубоҳисаи судманд дар ин хусус барпо гардида, иштирокчиён аз ин чорабинӣ таассуроти хуб гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>