Маҳфили “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз”

IMG_9007

ГУЛИСТОН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи кор бо занон бо мақсади ҳамкорӣ намудан бо шахсони барӯманд ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо, қадрдонии меҳнати занон, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, эҳтироми намудани насли калонсолон. собиқадорони ҳизб,  пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар ТИ шаҳраки Чоруқдаррон маҳфили навбатии «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз» ташкил ва баргузор гардид. Дар маҳфил Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри  Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Раҳимова Муяссар Абдураҳмоновна, мудири  бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандон  Маҳмудзода Наргис Муним Наргис, Раиси ҷамоати Чоруқдаррон Бердиева  Наргиза Турсунбаевна, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Гулбаҳор Муминҷоновна, мудири шуъбаи кор бо занони шаҳрак Гулмуратова Шарофат Закировна иштирок намуда, дар мавзӯъҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фазанд», «Поймол намудани ҳуқуқи зан ва пешгирии омилҳои шиканҷаи шавҳар», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», “Пойдории оилаи солим”, “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ”, “Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ибрози сухан намуданд. Сипас, барномаҳои фарҳангӣ намоиши ҳамагон гашт. Пурсиш ва посух бо занон ва ҷавонон ҷолиби диққати ҳамагон гардид.   Дар хотимаи маҳфил ба як қатор оилаҳои барӯманд, бонувони фаъоли ҲХДТ, оилаҳои ҷавон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон супорида шуданд.

                                     Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,

                                     Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>