Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост!

беморхонаи бачагона коррупсия

ХУҶАНД. Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2018 доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба чунин амалҳои номатлуб дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд» таҳти унвони «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост!» бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб вохӯрии судманд баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар беморхона Фаррух Муллоев ба вохӯрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро оиди барномаи машварат шинос намуд. Мавсуф дар барои «Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи тандурустии вилояти Суғд барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, зикр кард, ки коррупсия ин зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус, муқобилияти дастаҷамъона ва оперативиро талаб менамояд. Таъсири коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба даъвати демократии ҳуқуқбунёдро дар миқёси умумимиллӣ талаб мекунад.  Инчунин, қайд гардид, ки дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуротҳои коррупсионӣ мушоҳида мешавад. Ба хусус истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ муайян карда шуд. Дар солҳои охир муздситонии ғайриқонунӣ ва дастгир шуданӣ кормандони соҳаи тандурустӣ ва нисбат ба онҳо боз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ боз як далели ҷой доштани падидаи номатлуб ва нанговар дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов дар баромади хеш қайд кард, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва тадбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дарбар мегирад. Дар охир даъват ба амал овард, ки мо аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд ҳамеша пеши роҳи чунин амалҳои номатлуби коррупсиониро гирифта, ҷиҳати амалӣ гардидани Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>