Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Деваштич  чамъияти

ДЕВАШТИЧ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳия Рустам Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар мулоқот муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо ва ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд. Раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳия Рустам Ҷӯразода дар суханронӣ оиди дар амал татбиқ намудани нақшаҳои дар пешистодаи Шӯро ҳарф зад. Инчунин баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Ғалаба ва қадршиносии беандозаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози андеша намуд. Муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода доири самтҳои асосии сиёсати мамлакат, вазъи кунунии ҷаҳони муосир, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас, инчунин дар бораи амалишавии ҳамаи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд. Мудири шуъбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Зиёдулло Турдиев фаъолияти минъбадаи солонаи Шӯроро шарҳ дод. Инчунин Замира Аҳмадҷонова ва Даврон Эргашов низ ба музокира баромаданд. Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилиён оиди фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ таклифу пешниҳодҳои худро иброз кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>