Мулоқот бо ҷавонон

панчакент мулокот

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 47 вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ роҳбари дастгоҳ-роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Алишер Амонов ва мудири шўъбаи талиғоти кумиҷроияи шаҳрӣ Бурсибой Лутфуллоев дар назди хонандагон баромад намуда, оиди масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеъаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ибрози ақида намуданд. Аз  ҷумла, дар бораи хатарҳои тероризму экстримизм, ки дар маркази диққати роҳбарияти ҲХДТ қарор дорад ва дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вохӯриҳо баргузор гашта истодааст суханронӣ намуда қайд намуданд, ки дар ин самт ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳангоми мушоҳида кардан ё вохӯрдан бо чунин мубалиғони ифротӣ зуд ба мақомоти амният ва корҳои дохилӣ хабар диҳанд. Ҳамзамон, масъулин бо хонандагон оиди хештаншиносию ватандӯстӣ ва ифтихорӣ миллӣ сӯҳбати самимӣ намуда, онҳоро барои илмомӯзӣ ва интихоби дурусти касби ояндаашон роҳнамоӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>