Семинар машварат дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдат омили асосии тараққиёти Тоҷикистон»

ШАҲРИСТОН. Дар асоси дастуру супоришҳои КИВ ҲХДТ ва бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занон  ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Шаҳристон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Сарвари давлати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ (16 феврали 2018)  бахшида ба истиқболи  Ваҳдати миллӣ дар мавзӯъи «Сулҳу Ваҳдат омили асосии тараққиёти Тоҷикистон» семинар машварат гузаронида шуд. Асосан дар семинари мазкур ҷавонон иштирок намуданд. Оиди масъалаи мазкур роҳбари бахши ТҶҶ “Созандагони ватан” баромад намуд:   Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама ягонагии тамоми ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зеро ҳеx яке аз манфиати фардӣ ё гурӯҳи дар алоҳидагӣ берун аз доираи манофеи миллӣ вуxуд дошта наметавонад. Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.    Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши воло маҳсуб ёфта, эҳтиром ва пос доштани он аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшинос масъулияти баландро тақозо менамояд. Пешрафту муваффақиятҳои ҳар оила, ҳар қавм, ҳар халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст.    Бинобар ин, мо метавонем, ба ин ақида розӣ бошем. Дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто, нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо гардиданд. Вале муддати зиёд нагузашта, ақлу хиради азалии халқи тоxик uолиб омад. Масъулияти ҳифзи манфиатҳои олии миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоxикистон Сарвари навинтихобшудаи давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тарзу усули кору пайкорҳои ҷасурона водор кард. Сарвари навинтихобшудаи давлат ба хотири Ваҳдати миллӣ ҳар гуна таҷдиди хатарҳоро сарфи назар намуда, тамоми ҳастии худро баҳри пойдории сулҳу субот дар кишварамон равона сохтанд, ки натиxаашро ҳар шаҳрванди кишвар имрӯз хуб дарк менамояд.  Соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вуҷуд омадани низоми нави иҷтимоӣ ва ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овард. Барои қотеъона ҳал кардани масъалаҳои муҳимтарини сиёсию иҷтимоӣ тарзи идораи президентӣ мусоидат намуд. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас Ваҳдати миллиро нигоҳ дорем, xавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, то дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз бисозанд. Дар муддати начандон тӯлони  Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонида пойдору устувор гардид. Имрӯз Тоxикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иxтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар xаҳони муосир xойгоҳи худро пайдо намудааст.   Аз ин хотир, фурсате моро даст додаст, ки барои Ваҳдату пешрафти кишвар сарxамъона дасти ҳам бигирему пойи ободии он бикӯшем. Баъди баромади мазкур саволу ҷавобҳо доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>