Вохӯрии занҳо дар ҳошияи Даҳсолаи байналмиллаии амал “Об барои рушди устувор”

ШАҲРИСТОН.  Дар асоси дастуру супоришҳо ва иҷрои бандҳои Қарори Маҷлиси  КИМ ҲХДТ  оид ба тарғиботу ташвиқоти муҳим, ки санаи 22 марти соли равон дар иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид Сарвари давлати мо  Даҳсолаи  байналмиллаии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ро расман ҳусни оғоз бахшиданд, ки ифтихори мо буда дар ин ҷода имрӯз  бо ташаббуси мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон З. Примқулова дар ташкилоти ибтидоии «Ободи» чорабини бахшида ба ин рӯйдоди муҳим вохӯрии судманд баргузор шуд. Дар ин чорабини  аъзоёни фаъол, занҳои хонашин , собиқадорони ҳизб, ва намояндаҳо аз худи ташкилот иштирок намуданд.    Мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Примқулова З дар суханронии худ  ба  ҳаммаи аҳли нишаст гуфта гузашт, ки ба ҳамаи маълум аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Ҷаноби Олӣ, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қатномаро қабул намуда амалишавии онро оғоз намуданд. Расидан  ба қадри ин неъмати бебаҳо вазифаи аввалиндараҷа ҳар сокини сайёра аст. Аз ин рӯ мо бояд аз ин мӯъҷизаи табиат баҳра барем ва шукронаи ҳар қатраи он кунем, ки атои худованд аст. Об сарчашмаи ҳаёти башарият буда, аз лаҳзаи ба дунё омадан то рӯзи фавт ба инсон  зарур аст. Об муқаддастарин  ва бебаҳотарин  боигарии табиат аст. барои ҳамин  онро эҳтиёткорона истифода бурдан лозим аст. Обро мо бояд тоза, софу дилкаш нигоҳ дорем, зеро бақои имрӯзу ояндаи мо бо об пайванди сахт дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>