Саҳми собиқадорони ҳизб

ашт сахми

АШТ. Маъракаи даъвати баҳории даъватшавандагон барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия муташаккилона ҷараён гирифта, чорабиниҳо дар ин самт дар рӯҳияи баланди сиёсӣ идома дорад. Рӯзи гузашта дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Пунук Раиси Шурои собиқадорони КИ ҲХДТ Мадаминова М. бо роҳбарияти хоҷагии деҳқонии ба номи Қ. Анваров  сӯҳбати хоса ороста аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯз фазои тинҷу осудаи кишварамон ва амнияти ҷомеа аз Артиши миллии мо вобаста аст. Хизмат дар сафи Қуваҳои мусаллаҳи мамлакат вазифаи боифтихори ҳар як ҷавонписари боору номус, мактаби обутоб  маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, Шӯрои собиқадорон вазифаи аслии хешро дар он меҳисобад, ки иқтидору тавоноии Артиши миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ, шароити хуби аскариро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба шаҳрвандон фаҳмонида, баҳри гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин ҷода аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода барад. Дар интиҳо аз роҳбарияти хоҷагӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба корҳои тарғиботӣ собиқадорон ва фаъолон, инчунин занони барӯманди деҳа ҷалб карда шаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>