Иштирок дар соати дарсии фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ

АШТ. Рӯзи гузашта мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. бо мақсади шиносоӣ аз донишҳои андӯхтаи толибилмон, бедор намудани ҳисси баланди ватанпарастӣ ва зиракии сиёсии онҳо дар  соати дарсии фанни омодагии ибтидоии ҳарбии хонандагони синфи 11 гимназияи №1 ширкат варзид. Зикр карда шуд, ки ин боргоҳи маърифат шахсиятҳои зиёдеро таълиму тарбия додааст, ки имрӯзҳо баҳри пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон дар соҳаҳои мухталиф фаъолияти бомаром доранд. Ватандӯстӣ муқаддастарин арзиш барои ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки дар рӯҳияи ватанпарастӣ  тарбия намудани насли ҷавон вазифаи муҳими ҳамагон маҳсуб меёбад. Наврасону ҷавонони имрӯзаро мебояд, ки ин хоку об, ин муҳиту ин ҳавои тозаву беғубор, ки озодона нафас мекашем ва он Тоҷикистон ном дорад, дӯстдор ва муҳофизи он бошем. Зимни мулоқот ҳамзамон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ки муносибатҳои ҷамъиятии ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ алоқамандбудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, сӯҳбати озод ҷараён гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>