Коррупсия ва таъсири манфии он ба рушди ҷомеа

хучанд коррупсия

ХУҶАНД. Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба тадбиқи нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияии Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба чунин амалҳои номатлуб дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд» бо иштироки аъзоёни ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин марази ҷомеъа даъват менамоянд. Зеро коррупсия барои рушди иқтисодӣ, ташаккули иқтисоди бозоргонӣ ва ҷалби сармоя монеаи ҷиддӣ буда, ба институтҳои сиёсии давлатдорӣ таъсири манфӣ расонида, барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди глобалиро ба вуҷуд меоварад. Аъзои гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Иброҳим Ҷабборов дар мавзӯи «Мафҳум ва принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия» баромад намуд ва дар маърӯзи худ аз нуқтаҳои асосии коррупсия – кирдоре, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар карда шуда, бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир кардани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, махсусан дар бораи вазъи кунунии сиёсию иҷтимоии мамлакат, дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва аз ҷумла дастовардҳои замони истиқлолият баромад кард. Муовини директори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Расулов Камолҷон Ғаниевич чорабиниро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид сохт, ки  тамоми кормандон донишу малака ва таҷрибаи  худро бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва илмомўзӣ баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёти солим ва решакан намудани ҳамагуна ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ саҳмгузор хоҳанд шуд. Дар ҳамаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, барои пиёда сохтани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бунёдкориву созандагии кишвари азизамон камари ҳиммат хоҳанд баст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>