Офарин, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ!

СПИТАМЕН. Дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз хама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш рахнамун месозад. Кумитаи иҷроияи ноҳияи Спитамен бо  шӯъбаи маорифи ноҳия дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия доимо дар ҳамкорист. Санаи 9 марти соли 2018 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Спитамен, ки дар давраҳои якум дуюм ва сеюм  Олимпиада  иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардидаанд,  дар даври чоруми Олимпиада Ҷумҳуриявӣ иштирок намуда бо ҷойҳои сазовор ба ноҳияамон бар гаштанд.Мақсади асосии иштирок дар Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иборат аст аз: баланд бардоштани завқи хонандагон ба омўзиши фанҳои дақиқ,  ва табиатшиносӣ,-шиносоии хонандагон бо кашфиётҳои нави илмӣ илмҳои муосир ва технологияи пешқадам, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор кардани шавқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фанҳои дақиқ, баёни озодонаи фикр,  муайян намудани хонандагони болаёқат ва дорои истеъдодҳои дурахшон ва таблиғи интихоби касб, мебошад. Аз ноҳияи Спитамен, 7 нафар хонандагон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, Аҳрорӣ Исмоилӣ хонандаи  МТМУ№3 аз фанни химия сазовори ва Ҳайдарова Мунира хонандаи МТМУ№28 сазовори медалли тилло,  Ҷабборов Шахзод ва Эгамбердиева Ситора хонандагони МТМУ№9 аз фанни технологияи иттилоотӣ   ва забони давлатӣ сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Сидиқова Озода, Робиева Фотима ва Урунбоев Отаҷон бо иштироки фаъолаш донишу маҳорати худро дар олимпиада нишон дода омаданд. Ғолибияти ин толибилмон боиси хурсандии омӯзгорон, падару модарон ва аҳли мардуми ноҳияи Спитамен мебошад. Мо ифтихори онро дорем, ки чунин омӯзгорону толибилмонро дорем. Шояд аз чунин толибилмон дар оянда Менделеевчиёни тоҷик барояд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>