Мақсади омӯзиши фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ

ГУЛИСТОН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади омӯзиши фаъолияти ташкилоти ибтидоии осоишгоҳи «Баҳористон» оид ба гузаронидани корҳои ташвиқотӣ ва мусоидат намудан дар танзими ҳуҷҷатгузорӣ санҷиш гузаронида шуд. Мудири шуъбаи кор бо занон   Раҳимова Муяссар Абдураҳмоновна ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Гулбаҳор Муминҷоновна, ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии осоишгоҳи «Баҳористон»-ро  аз назар гузаронида, бо роҳбари он Негматова М. оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб, Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Низомнома оид ба тартиби ба қайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбат намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Тибқи нақша оид ба расонидани ёрии методӣ ба Ташкилотҳои ибтидоӣ  кор давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>