Ҳамкории ҳизбиён бо комиссарияти ҳарбӣ

юустон

БӮСТОН. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12 марти соли 2018 таҳти№1036 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  дар ҳамкорӣ бо комиссарияти ҳарбии шаҳр  корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баҳри ҷалб намудани ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳи кишвар корҳои амалӣ ба ро монда шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби  гуруҳи тарғиботчиён  дар Донишкадаи  кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон  мулоқот бо   донишҷӯёни бахши ғоибонаи донишкадаи мазкур баргузор гардид.  Ҳангми вохӯрӣ ба  донишҷӯён  аз ҷониби кормандони  кумиҷроия  оид ба хизмат  ба Ватани азиз, шароит ва ҳаёти хизмачиёни ҳарбӣ ва аскарон дар қисмҳои низомӣ  сухан карда шуд.  Чунин вохӯриҳои фаҳмонидадиҳӣ аз ҷониби Шӯрои занони кумиҷроияи шаҳрӣ дар маҳаллаҳои  «Сомониён», «Дӯстӣ» ва «Ғалаба» низ  баргузор гардид.    Кумиҷроияи шаҳрӣ барои саҳм гузоштан дар  ин маъракаи муҳим ва  иҷрои саривақтии  нақшаи пешбинишда барои шаҳри Бӯстон кӯшиш намуда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>