Зуҳуроти терроризм – хавфу хатар ба суботу амнияти кураи Замин!

ХУҶАНД. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ва дар асоси протоколи №8-и машварати назди Раиси шаҳри Хуҷанд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро бо ҷавонони шаҳр оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм ва барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда истодааст. Рӯзи гузашта мувофиқи нақша – чорабинии якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Прокуратураи шаҳр ва ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои тадбирҳои протоколи №8 ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 феврали соли 2018 оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм ва барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо аъзоёни фаъоли ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, Ректори донишгоҳ Шарифзода М.М., Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Шараф Ҷабборов,  барқароркунандаи сохти конститутсионӣ  Аббосҷон Соддиқов ширкат варзиданд. Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир ба вохӯрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро оиди барномаи машварат шинос намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Н.М. зимни баромади хеш қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Сипас, капитани милитсия Шараф Ҷабборов Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, маъруза намуда, зикр карданд, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Сипас, миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид. Дар охир Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир ба меҳмонони чорабинӣ ҷиҳати иштирок ва суханрониашон изҳори миннатдорӣ карда, ба  чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>