Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

ЗАФАРОБОД.  Дар ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз  29  нафар аъзои Кумиҷроия 25 нафар ҳузур доранд, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолон даъват шудаанд ва дар толор ҳузур доранд. Дар имрӯза Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд С.Фаттоҳзода, Раиси ноҳияи Зафаробод Ашӯрзода Р.Р аъзоёни раёсат ва кумитаи иҷроия, вакилони халқ, раисони ташкилотҳои ибтидои ва фаъолон иштирок намуданд. Ба муҳокимаи рӯзномаи ҷаласа иборат аз як масъала, масъалаи ташкили барраси карда шуд. Аз рӯи масъалаи рӯзнома  Раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаттоҳзода С баромад карда : қайднамуд, ки бинобар бо сабаби ба кори дигар гузаштан Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ аз вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  озод карда шавад. Ба ҷои Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ се нафар пешниҳод кардашуда буд, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номзадии Шарифов Туйғун Тоҳирович розигӣ дода шуд. Сипас оиди масъала Қарорҳои дахлдори Кумитаи иҷроия қабул карда шуд. Сипас Раиси навинтихоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Туйғун Тоҳирович баромад намуда, барои дастгириизаф 2 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифаи пурмасул арзу сипосгузори намуд. Дар фарҷоми ҷаласа Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ баромад намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ – сиёсӣ буда, барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд. Дар охири суханаш Шарифов Туйғун Тоҳировичро барои интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод табрик гуфта, барояш барои пешбурди ин вазифаи пуршараф ва дар як вақт пурмасъулият комёбиҳо таманно намуд. Бо ҳамин ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Зафаробод  кори худро ба анҷом расонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>