Семинар машварат дар мавзуъи «Ҷавонон-ояндаи миллат»

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

ШАҲРИСТОН. Баҳри иҷрои нақша чорабинии КИМ ҲХДТ бо ташшабуси  Роҳбари намояндаи ТҶҶ «Созандагони ватан» бахшида ба “Як моҳи Ҷавонон” дар   мавзӯъи «Ҷавонон-ояндаи миллат» семинар машварат  гузаронида шуд. Роҳбари намояндаи ТҶҶ «Созандагони ватан» Сафарбоев Н.  таъкид намуда, ки  Ҷавонон насли умедбахши миллат, рамзи муҳаббат ва тароват, садоқату дӯстӣ мебошанд. Имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолона ҷавонон тасаввур намудан душвор аст. Бешубҳа, афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Давлат ва ҳукумат ҷавононро чун табақаи асосии ояндасози ҷомеа эътироф намудааст ва дар назди худ вазифа гузоштааст, то ки барои мо ҷавонон шароит фароҳам оварда, тафаккур ва малакаи ахлоқии моро ташаккул диҳад. Истиқлолияти ҷумҳурӣ барои ҷавонон навгониҳои зиёд овард. Мо ҷавонон дар шароити кунунӣ бо воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонем. Аз ин рӯ мо ҷавонон бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарини арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге ба дӯш дорем. ҳама кӯшиш, заҳмату талошҳои давлат ва ҳукумат баҳри тарбияву ба воя расонидани ҷавонони соҳибмаърифату соҳибмаданият нигаронида шудааст. Ҷавобан ба ин uамхорӣ мо ҷавонон бояд пайваста омӯзем, ҷустуҷӯ намоем ва тамоми ҷӯшу хурӯши ҷавониамонро барои тарбияи насли наврас, баҳри ободии диёр, гулгулшукуфии мамлакат сафарбар намоем гӯён суханҳои худро ба итмом расонид. Инчунин аз тарафи иштирокчиён бо навбат оиди масъалаи мазкур фикру ақидаи худро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>