Чопи китобчаи узви фаъоли ҲХДТ бо номи «Қаҳрамон мешавем»

МАСТЧОҲ. Бо чунин ном нахустин китобчаи таҳиянамудаи узви ҲХДТ, омӯзгори собиқадор ва эҷодкори МТМУ №27-и ноҳияи Мастчоҳ Саёҳат Аҳмедова бо теъдоди 100 нусха чоп шуд. Китобчаи мазкур, ки бо дастгирию сарпарастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба табъ расидааст, бо гулчини суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи илму дониш, мактабу маориф ва мавқеи омӯзгор оғоз мешавад. Дар идома мураттиб доир ба Қаҳрамонони Тоҷикистон маълумоти муҳиму судмандро пешниҳоди хонандагон намудааст. Як хусусияти муҳими ин маҷмӯа дар он аст, ки пас аз шарҳи ҳоли ҳар як қаҳрамон порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти Саёҳат Аҳмедова ҷой дода шудаанд, ки хонандагонро ба ватандӯстию хештаншиносӣ, қаҳрамонӣ ва эҳтироми арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ даъват менамоянд. Муҳаррир ва муаллифи пешгуфтор адиби шинохта, узви ИҶТ ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Нигоҳи халқ» Ҳасан Боқӣ буда, Мирзоюсуф Шарифзода — Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгори МТМУ №11 ва омӯзгори МТМУ №17 Муллошукур Шокирзода муқарризони китоб мебошанд. Маҷмӯа аз ҷониби Муҳаммадалӣ Сафарзода саҳифабандӣ ва дар матбааи «Аврангпринт» нашр шудааст. Маҷмӯа зери назари раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров ба табъ расидааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>