Баргузории конференсия дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии фарҳанги истифодаи дурусту самараноки захираҳои обӣ»

МАСТЧОҲ. Таҳти чунин унвон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ конфронси ноҳиявӣ баргузор гард, ки дар он масъулини кумиҷроия, мутахассисону донишмандон, устодону донишҷӯёни коллеҷи кишоварзии ноҳия ва дигар ашхоси алоқаманд ширкат доштанд. Нахуст раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба об маъруза карда, изҳор дошт, бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили марбут ба об ва гирифтани пеши роҳи талафоти ин неъмати бузурги табиат таваҷҷуҳ кард. Эълон гардидани солҳои 2005-2015 чун «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт» ва ахиран бо пешниҳоди Тоҷикистон ба тасвиб расидани қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028″ аз ҷумлаи иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.  Дигар баромадкунандагон низ вобаста ба мавзӯъ андешаҳои худро иброз намуда, ба сарфакорона истифода бурдани об, тоза нигоҳ доштани сарчашмаҳои он ва тарғиби ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ин самт даъват намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>