Фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ

АШТ. Қабулгоҳи ҷамъиятии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» бомаром фаъолият намуда, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия шаҳрвандон қабул гардида, муроҷиатҳои онҳо сари вақт баррасӣ карда мешаванд.   Рӯзи гузашта аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ 2 нафар шаҳрвандон Ҷураев Рузибой – сокини деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдон, Ҷураев Эргашбой — истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ошоба оид ба масъалаҳои расонидани ёрии молиявӣ ва ташкил намудани фонди хайриявӣ муроҷиат намуданд. Ҳамин тариқ, масъалаҳои мазкур баррасӣ карда шуда, ба Ҷураев Р. аз ҳисоби Кумитаи иҷроия ёрии молиявӣ расонида шуд. Боиси зикр аст, ки то ин муддат аз ҷониби шаҳрвандон ба унвонии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ 10 муроҷиати шифоҳӣ ва 8 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>