Озмуни «Нозирони навраси ҳаракат»

Деваштич-Озмун

ДЕВАШТИЧ. Давраи минтақавии озмуни ҳаштуми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар роҳ тибқи низомномаи раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Суғд  дар толори варзишии МТМУ №16-и  ҷамоати шаҳраки  ноҳияи Деваштич баргузор гардид.  Озмун байни дастаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истаравшан, ноҳияи Шаҳристон ва ноҳияи Деваштич гузаронида шуда иштирокчиёни озмун аз рӯи даҳ  шарти дар  низомнома муқараргардида байни ҳам рақобатпазириву қувваозмоии зиёд намоиш доданд. Аъзои ҳакамон иборат аз панҷ нафар Ҷумъаев Каримҷон аз раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Суғд раиси ҳакамон, Сафарзода Ҷовид аъзои ҳакамон, Ҳоҷибоева Рухшона аъзои ҳакамон, Урунова Зӯҳро аъзои ҳакамон ва Қобилова Гулчеҳра пизишки амбулаторияи тиббии оилавӣ аз ноҳияи Деваштич ба иштироки дастаҳо баҳогузори намуданд. Аз рӯи холҳои ҷамъбасти ҳакамон бо 85-хол дастаи хонандагони навраси шаҳри Истаравшан ҷои якум, бо 65-хол дастаи хонандагони навраси ноҳияи Деваштич ҷои дуюм ва бо 50-хол дастаи хонандагони навраси ноҳияи Шаҳристон ҷои сеюмро сазовор гаштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>