«Ободонӣ шиори мост»

ДЕВАШТИЧ. Бо мақсади ободонӣ, сарсабзӣ ва зебою шукуфо намудани ноҳияи Деваштич дар шаҳраки Ғончӣ амалӣ намудани қарорҳо дар корхонаю ташкилотҳои ноҳия нақша – чорабиниҳо таҳия намуда, корҳо баҳри иҷроиши нақшаҳо равона карда шуд ва мутобиқи он дар ноҳия дарахтони ороишӣ ва сояафкан, гулҳои гуногуншакл ва мавсимӣ дар кўчаю хиёбонҳои шаҳрак шинонида шудааст, ки наъшунамои хуб доранд ва шакли зоҳирии шаҳракро зебо кардаанд, ва инчунин ҳар як роҳравҳои шаҳрак бо сафалакҳо насб гардида роҳи пиёдагардон таъмир карда шуданд. Ба хусус барои тозагӣ ва санитарии шаҳрак диққати махсус дода шуда, тамоми ҷӯйбору лотокҳо аз партову лойқа, партовҳои кўчаю хонаҳои истиқоматӣ берун бароварда шуд.  Аз ниёгонамон то ба имрӯз чун анъана ҳисси ватандӯстиву ободкорӣ дар замирашон ҷой дораду боқӣ мондааст, то кунун идома дорад. То таҷлили 30-солагии Истиқлолияти ватани азизамон мардуми ободкору бунёдкори ноҳияи Деваштич бисёр иқдомҳои некро дар амал татбиқ намуда, ҳоло низ идома дода истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>