Ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупорандагон

Деваштич милитси

ДЕВАШТИЧ. Дар маҷлисгоҳи ШВКД дар ноҳияи Деваштич ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур оиди масъалаҳои назорати андоз дар асоси талаботи моддаи 37 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2017 ва ду моҳи соли ҷорӣ сурат гирифт. Раиси шӯрои ҳамоҳангсозӣ, прокурори ноҳия Талбакзода Дилшод Саид дар ахбороти худ доири таҳлили прокротура дар бобати масъалаи мазкур ҳарф зада қайд кард, ки бартараф намудани хавфҳо дар эъломияҳои андоз ҷойдошта ва дастгирии ҳамаҷонибаи андозсупорандагон дар соли 2017 нисбати 173 нафар андозсупоранда назорат амалӣ гардид. Аммо дар ду моҳи аввали соли равон аз ҷониби нозироти андоз нисбати ягон андозсупоранда назорат гузаронида нашудааст. Дар ҷараёни назорат нисбати андозсупорандагон баъзе камбудиҳо ошкор гардид. Инчунин дар рафти ҷаласа доири камбудиҳои ҷойдошта аз масъулин пурсиш ба амал омад. Дар ҷаласа аз рӯйми масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул ва шахсони масъул вазифадор карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>