Таҷлили 140 – солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ

ГУЛИСТОН. Дар Ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” муассисаи таълимии давлатии гимназияи №1 бо мақсади пос доштани бузургдошти адибон ва нависандагони тоҷик, бедор намудани ҳисси ватандорӣ ва хештаншиносӣ, шеърдӯстиву шеърдонӣ  бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ  конференсияи илмӣ- адабӣ аз тарафи роҳбари иттиҳодияи методии забон ва адабиёти тоҷик Бобоева М.Ҳ, муовини директор оид ба тарбия   Нишонова Р.К ва сарвари созмони хонандагон Қодирова Д.И ташкил ва баргузор карда шуд.  Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мудири шуъбаи кор бо занон- Муяссар Раҳимова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон — Гулбаҳор Раҷабова ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр, куратори гимназия — Фарида Маллаева иштирок ва баромад намуданд. Дар интиҳо корференсияи илмӣ- адабӣ ҷамъбаст гардида, аз ҷониби мудири кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон- Муяссар Раҳимова, куратори гимназия — Фарида Маллаева ва мудири қисми илмии гимназия Домуллоева Муҳайё ҷавондухтарон ва ҷавонписарони фаъол бо ифтихорномаҳо сарфарозонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>